Visa нисбати консепсияи кортҳои пардохтӣ таҷдиди назар карда, дар Visa Payments Forum CEMEA-2024 барои асри технологияҳои рақамӣ маҳсулоти навро пешкаш кард
- Технологияҳои навоваронаи пардохтӣ дар Visa Payments Forum, ки минтақаи Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ, Шарқи Наздик ва Африкаро (CEMEA) дарбар мегирад, пешкаш карда шуданд.
- Маҳсулотҳои нав идентификатсияи рақамӣ, пардохти онлайнии бечок, пардохтҳои чандир, қабули пардохт аз ҷониби микросоҳибкорон ва пардохтҳои боз зудтар ва «боақлтари» аз суратҳисоб ба суратҳисобро таъмин мекунанд.
- Инчунин Visa Pay, платформаи шакли «пардохтҳо ҳамчун хизматрасонӣ»-ро (payments-as-a-service), ки таҷрибаи аввалиндараҷа, ба дастгоҳҳои мобилӣ нигаронидашудаи пардохтҳои рақамӣ ва мутобиқати байниҳамдигарии интиқоли маблағро эълон кардем.
ДУШАНБЕ, 29 майи соли 2024 — Имрӯз дар Visa Payments Forum-и солона, ки минтақаи Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ, Шарқи Наздик ва Африкаро (CEMEA) дарбар мегирад, Visa маҳсулот ва хизматрасониҳои навро пешкаш кард, ки дар соҳаи кортҳои пардохтиро инқилоб содир карда, талаботи истеъмолкунандагон, савдогарон ва муассисаҳои молиявии минтақаро, ки ба онҳо хизмат мерасонанд, қонеъ хоҳанд кард. Дар давоми панҷ соли охир усулҳои амалӣ кардан ва гирифтани пардохтҳо нисбат ба 50 соли гузашта ҷиддан тағйир ёфтанд, ва технологияҳои навтарин таҷрибаи нави пардохтҳоро пешкаш мекунанд, ки савдо ва ҳаракати пулро дар соҳаҳои ба монанди тиҷорати электронӣ, харидҳои шахсӣ дар мағоза ва интиқоли бечоки пулиро дигаргун мекунанд.
«Рушти пардохтҳои рақамӣ дар Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ, дар Шарқи Наздик ва дар Африка босуръат шиддат гирифта истодааст, ва бо ин хоҳиши истеъмолкунандагон ва савдогарон оиди пардохтан ва қабул кардани пардохт ҳам онлайн, ҳам дар мағоза тағйир ёфта истодааст, — шарҳ дод Эндрю Торре (Andrew Torre), президенти минтақавии Visa дар Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ, дар Шарқи Наздик ва дар Африка. — Мо ташаккули ояндаи тиҷоратро давом медиҳем ва аз пешкаш кардани таҷрибаи падохти насли нав, ки ба олами рақамӣ нигаронида шудааст, барои дастгирӣ кардани истеъмолкунандагон, соҳибкорон, мизоҷон ва ҳамкорони худ шодем. Имрӯз мо функсияҳои нави кортҳои пардохтӣ ва технологияҳои рақамии инноватсиониро пешкаш мекунем, ки ба истеъмолкунандагон ва савдогарон ояндаи фардигардонидашуда, қулай, бехатар ва инклюзивиро таъмин мекунанд».
Visa бастаи ҳаллҳои нави навоваронаи дастгирикунандаи идентификатсияи рақамӣ, пардохти онлайнии бечок, пардохтҳои чандир, қабули пардохт аз ҷониби микросоҳибкорон ва ҳифзи пардохтҳо аз суратҳисоб ба суратҳисобро пешкаш кард. Ба ғайр аз он, ширкат Visa Pay, платформаи шакли «пардохтҳо ҳамчун хизматрасонӣ»-ро (payments-as-a-service), ки барои минтақаи Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ, Шарқи Наздик ва Африка коркардгардидаро пешкаш кард, ки таҷрибаи аввалиндараҷа, ба дастгоҳҳои мобилӣ нигаронидашудаи пардохтҳои рақамӣ ва мутобиқати байниҳамдигарии интиқоли маблағро таъмин мекунад. Платформаи Visa Pay имконияти васеъи гузаронидани пардохтҳоро дарбар гирифта, ба бонкҳо хизматрасониҳоро барои воридкунии зуди ҳаллҳои нави навоваронаи ба монанди эмиссияи рақамӣ, инитсиатсияи пардохтҳо, пардохт бо як расиш (tap-to-pay), пешгирии қаллобӣ ва идоракунии хатарҳо, платформаҳои ҳамёнҳои рақамиро пешкаш мекунад.
Байни маҳсулотҳо ва хизматрасониҳои нави имрӯз пешкашгардида, ки дар ин сол ҷорӣ карда мешаванд:
Visa Flexible Credential
Технологияи маълумотҳои номнависии чандири Visa Flexible Credential ба як маҳсулоти кортӣ имконияти гузариш байни усулҳои пардохтиро бо пешкаш кардани ҳуқуқи интихоб ба истеъмолкунандагон медиҳад. Акнун дорандагони кортҳо параметрҳоро бо сабукӣ насб карда ё ки аз чӣ истифода бурданро интихоб карда метавонанд: корти дебетӣ, маблағҳои кредитӣ, пардохт бо қисмҳо, холҳои бонусӣ ва ҳатто пардохтҳо дар асъори дигар. Технологияи Visa Flexible Credential дар минтақаи CEMEA моҳҳои наздик дастрас мегардад.
Қабули пардохтҳои элктронӣ аз ҷониби микросоҳибкорон
Тақрибан 120 миллион микросоҳибкорони расмӣ ва ғайрирасмӣ дар минтақаи Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ, Шарқи Наздик ва Африка то ҳол пардохтҳои рақамиро қабул намекунанд, барои ҳамин Visa усулҳои нави амалӣ намудани пардохтҳои электронӣ барои кортҳои ҷисмонӣ ва виртуалиро коркард мекунад. Дар ин сол барои ҳамаи савдогарон усулҳои нави зерини амалӣ намудан ва гирифтани пардохтҳо дар дастгоҳҳои мобилӣ дастрас хоҳанд шуд:
- Пардохтҳои push тавассути USSD: пардохтҳои рақамӣ тавассути телефон бо функсионали дилхоҳ.
- Қабули пардохтҳои элктронӣ аз ҷониби микросоҳибкорон: интиқоли маблағ аз истеъмолкунанда ба фурӯшанда тавассути смартфон.
- Tap to Phone: табдилдиҳии дастгоҳи дилхоҳ ба терминали пардохтӣ ва амалӣ намудани пардохт бо як расиш бо корт ё ки гаджет, ки ба он суратҳисоби рақамӣ пайваст аст.
Visa Payment Passkey Service
Дар олами рақамӣ идентификатсияи шахсият хеле душвор гаштааст, ки ба рушди ҷиддии қаллобӣ оварда расонидааст. Имрӯз қаллобӣ бо пардохтҳои онлайнӣ нисбат ба ҷисмонӣ ҳафт маротиба бештар паҳн гаштааст¹.
Воситаи дар асоси стандартҳои навтарини аутентификатсия офаридашуда Fast Identity Online (FIDO) аз Visa Payment Passkey Service барои тасдиқкунии шахсияти истеъмолкунанда ва пешкашкунии иҷозатнома барои гузаронидани пардохти онлайнӣ бо ёрии сканкунии зуди ӯ ё ки маълумотҳои биометрии ӯ, масалан, чеҳра ё ки изи ангушт имкон медиҳад. Ҳангоми харид дар интернет калидҳои дастрасии Visa рамзҳо ё ки кодҳои яккаратаро иваз карда, транзаксияҳоро оддитар ва бехатартар мекунанд.
Visa Payment Passkey шахсиятро бе қатъкунии ҷараёни пардохт тасдиқ мекунад, ва бехатариро баландтар карда, ноқулайиҳо ҳангоми пардохти онлайниро дар дастгоҳ ё ки сомонаи дилхоҳ дар тамоми олам бартараф мекунад.
Click to Pay
Visa хадамоти Click to Pay-ро барои таъмини ҷараёни нисбатан бечоктар ва бехатари пардохтро дар масштаби васеътар ворид мекунад. Аз истеъмолкунандагон танҳо почтаи электронӣ, рақами телефон ё ки Visa Payment Passkey барои пардохти онлайнӣ талаб карда мешаванд. Ба ғайр аз он, дар бозорҳои зиёд дар тамоми ҷаҳон Visa бо эмитентҳо барои воридкунии функсияи Click to Pay ва Visa Payment Passkey Service ба кортҳои нави Visa ҳамкорӣ намуда, зарурияти воридкунии маълумоти корт ва рамзҳо аз оғози истифодаи кортро бартара мекунад. Click to Pay аллакай дар минтақаи CEMEA дастрас аст.
Visa Protect барои пардохтҳо аз суратҳисоб ба суратҳисоб (A2A)
Ҳамасола Visa бештар аз 200 миллиард амалиётҳоро коркард карда, 500 ҷузъҳои маълумотҳоро дар таркиби ҳар як транзаксия таҳлил мекунад, то ки қаллобиро² дар реҷаи вақти воқеӣ муайян ва қатъ кунад. Бо шабакаҳои пардохтҳо дар реҷаи вақти ҳақиқӣ (Real-Time Payments, RTP) дар тамоми ҷаҳон кор карда, мо таҷрибаи бисёрсолаи Visa дар соҳаи зеҳни сунъӣ татбиқ мекунем, то ки қаллобиро дар вақти пардохт аз суратҳисоб ба суратҳисоб дар шабакаҳои RTP пешгирӣ кунем. Visa Protect барои пардохтҳо аз суратҳисоб ба суратҳисоб аллакай 60% ҳолатҳои қаллобӣ бо пардохтҳоро дар реҷаи вақти воқеӣ, ки аз ҷониби муассисаҳои молиявии Британияи Бузург ва кишварҳои Амрикои Лотинӣ муайяннагардидаро муайян мекунад³. Воситаи Visa Protect барои пардохтҳо аз суратҳисоб ба суратҳисоб дар минтақаи CEMEA моҳҳои наздик дастрас хоҳад шуд.
Visa Pay
Visa Pay — ин платформаи шакли «пардохт ҳамчун хизматрасонӣ» (payments-as-a-service) мебошад, ки ба бонкҳо барои зуд оғоз бахшидани хизматрасониҳои нави рақамӣ барои истеъмолкунандагон ва савдогарон тавассути барномаҳои бонкии мобилӣ, бо пешакӣ донистани талаботи рақамии истеъмолкунандагон имкон медиҳад. Байни имкониятҳои ба платформаи Visa Pay воридкардашуда, — эмиссияи рақамӣ, инитсиатсияи пардохтҳо, пардохт бо як расиш (tap-to-pay), пешгирии қаллобӣ ва идоракунии хатарҳо, токенизатсия, платформаҳои ҳамёнҳои рақамӣ ва коркарди пардохтҳо аз ҷониби эмитент тавассути ҳамкор.
Бо шарофати Visa Pay барномаҳои мавҷудаи мобилиро такмил дода метавонанд. Истеъмолкунандагон инчунин аз таҷрибаи аввалиндараҷа, ба дастгоҳҳои мобилӣ нигаронидашудаи пардохтҳои рақамӣ ва интиқоли байниҳамдигари пулӣ, ки бехатарии пурзӯргардида ва хатари камтари қаллобиро таъмин мекунад, ҳаловат бурда метавонанд. Технологияи Visa Pay дар минтақаи CEMEA моҳҳои наздик пешкаш мегардад.
Иттилоот дар бораи Visa
Visa (NYSE: V) – пешсафи ҷаҳонии соҳаи пардохтҳои электронӣ. Visa транзаксияҳои пардохтӣ байни истеъмолкунандагон, тиҷорат, муассисаҳои молиявӣ ва ҳукуматиро дар бештар аз 200 кишварҳо ва ҳудудҳо коркард мекунад. Миссия мо – ҳамҷоя кардани олам бо ёрии шабакаи инноватсионӣ, қулай, боэътимод ва бехатари пардохтӣ барои мусоидат кардан ба беҳбудии истеъмолкунандагон ва рушди тиҷорат ва иқтисод аст. Мо боварӣ дорем, ки васеъшавии дастрасӣ барои ҳама дар иқтисод ба рушди беҳбудии одамон дар тамоми олам мусоидат карда, барои ҳаракати глобалии пул дар оянда асос хоҳад шуд. Бештар дар cis.visa.com омӯзед.
Тамос барои ВАО
Дания Утеева
Хадамоти Матбуоти Visa Дар Кишварҳои Осиеи Марказӣ
PBN Central Asia
Тел.: +7 778 555 4124
[email protected]
Данил Павленко
Менеҷери калони алоқаи корпоративии Visa,
Осиеи марказӣ Ва Озарбойҷон
[email protected]
¹Сарчашма: 1. Маълумотҳои Visa. Маълумотҳо дар бораи қаллобӣ 3Q23. Сатҳи тасдиқи транзаксияҳо 4Q23.
2 Данные VisaNet, https://usa.visa.com/run-your-business/visa-security/risk-solutions/authorization-optimization.html
³ Данные VisaNet, https://usa.visa.com/run-your-business/visa-security/risk-solutions/authorization-optimization.html