🗓
Аз 16 августи соли 2021 то 16 ноябри соли 2021.
🗓
Аз 16 августи соли 2021 то 16 ноябри соли 2021.
💳
Шумораи бештари интиқолҳоро бо корти Visa гиред - аз 50$
📱
Ва гаҷетҳоро бурд намоед!
Мукофоти асосӣ - смартфон
Яке аз 21 ҷоиза метавонад аз они шумо бошад!
Ба ҳамаатон бурдборӣ хоҳонем!
Аз 16 августи 2021 то 16 ноябри соли 2021 шумораи бештари интиқолҳоро (дар байни ҳамаи иштирокчиён) аз 50$ қабул намоед ва мукофотҳоро бурд кунед! Дар ин амалиёт 6 бонки шарик иштирок мекунанд.
Бо Visa, шумо метавонед тавассути бонки мобилии худ бехатар, бароҳат ва зуд интиқолро гиред ё маблағро ба дилхоҳ нуқтаи ҷаҳон интиқол диҳед
Бо Visa, ҳангоми интиқол дар бонки мобилии шумо, маблағҳо метавонанд дар давоми сонияҳои фиристодан, ҳатто шабона ва ё рӯзи истироҳатӣ бароятон дастрас шаванд.
Ҳангоми интиқол дар бонки мобилии худ бо Visa бо рақами кортӣ, шумо метавонед ба саҳеҳияти интиқол боварӣ дошта бошед.
Ба кортҳои Visa дар 200 кишвар ва қаламрави ҷаҳон бо ҳар гуна асъори дастрас дар бонки мобилии шумо бе комиссия ё аз 1% маблағ фиристед ва ё ин ки гиред.
Шумо метавонед фавран бо истифода аз хидматҳое, ки дар замимаи мобилии бонки шумо ё интернет-бонк мавҷуданд, инчунин тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ маблағҳоро "аз як корт ба корти дигар" интиқол диҳед. Аз хизматрасонии интиқолӣ истифода бурда, рақами корти Visa гирандаро ворид карда, амалиётро тасдиқ кардан кифоя аст. Ҳатто агар шумо ба корти Visa байни бонкҳои гуногун интиқолро амалӣ намуда бошед ҳам, маблағ фавран гирифта мешавад.
Интиқоли зуд ба кортҳои Visa дар аксари кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла кишварҳои ИДМ (Беларус, Қазоқистон, Украина), инчунин кишварҳои Аврупо ва Осиё дастрас аст. Шумо метавонед ба яке аз онҳо тавассути интернет-бонк ё замимаи мобилӣ маблағ интиқол диҳед. Барои интиқол ба шумо рақами корти гиранда, инчунин ном ва насаби ӯ лозим аст.
Ҳаҷми комиссия ва маҳдудиятҳои эҳтимолии интиқоли маблағ ба хориҷ аз ҷониби бонк муқаррар карда мешавад. Лутфан маълумотро аз мутахассисони бонки худ пурсон шавед.
Бонкҳо ва системаҳои хизматрасонии пардохтӣ, комиссияро барои интиқол дар дохили Тоҷикистон ва хориҷи кишвар бо салоҳдиди худ муқаррар менамоянд. Ҳамзамон, баъзе бонкҳо ба мизоҷони худ ин хидматҳоро дар ҳудуди муқарраршудаи ҳармоҳаи маблағи интиқол, ройгон пешниҳод мекунанд. Маълумоти муфассалро дар бораи нарх ва маҳдудияти интиқол дар дохили Тоҷикистон ва хориҷро аз бонки худ пурсон шавед.
Интиқоли зуд ба кортҳои Visa дар аксари кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла кишварҳои ИДМ (Беларус, Қазоқистон, Украина), инчунин кишварҳои Аврупо ва Осиё дастрас аст. Шумо метавонед ба яке аз онҳо тавассути интернет-бонк ё замимаи мобилӣ маблағ интиқол диҳед. Барои интиқол ба шумо рақами корти гиранда, инчунин ном ва насаби ӯ лозим аст. Ҳаҷми комиссия ва маҳдудиятҳои эҳтимолии интиқоли маблағ ба хориҷ аз ҷониби бонк муқаррар карда мешавад. Лутфан маълумотро бо мутахассисони бонки худ пурсон шавед.
Интиқоли зуд ба кортҳои Visa дар аксари кишварҳои ҷаҳон дастрас аст. Шумо метавонед аз ҳар кадоме аз онҳо ба Тоҷикистон маблағро интиқол диҳед *.
* Маҳдудиятҳо амал мекунанд. Лутфан бо бонки худ ҳамсӯҳбат шавед.
Андозаи ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии маблағи интиқолро худи бонкҳо муқаррар менамоянд, аз ин рӯ онҳо метавонанд фарқ кунанд. Маълумоти муфассалро оиди маҳдудият шумо метавонед аз утоқи инфиродии сомонаи бонкии худ дастрас намоед.
Агар бонки шумо хизматрасонии интиқоли зудро пешниҳод кунад, шумо метавонед маблағро ба дигар дорандагони кортҳои Visa, новобаста аз он, ки кортҳояшонро кадом бонк додааст, метавонед интиқол диҳед.
Шояд бонки шумо ҳоло ин хизматрасониро роҳандозӣ накардааст ва ё то ҳол тағйироти мувофиқро ба сомона ворид накард. Шумо метавонед маблағро аз корти Visa тавассути дилхоҳ бонки дигаре, ки ин хизматрасониро доро аст, интиқол диҳед.
Хизматрасонӣ ба шумо имкон медиҳад, ки танҳо аз корти Visa ба корти Visa маблағро интиқол диҳед. Баъзе бонкҳо хизматрасониҳои интиқолро миёни кортҳои системаҳои гуногуни пардохтиро пешниҳод мекунанд. Шумо метавонед маълумоти муфассалро дар сомонаи бонки худ пайдо намоед.
Ҳаҷми комиссия дар ҳар ҳолати мушаххас аз ҷониби бонке, ки хизматрасонии интиқолро пешкаш мекунад, муқаррар карда мешавад. Шумо метавонед маълумоти муфассалро оиди комиссия дар сомонаи бонки худ пайдо кунед.
Шумо бояд маълумотро дар ин бора аз сомонаи бонки худ ҷустуҷӯ кунед.
Аввалан, шумо бояд фаҳмед, ки оё бонки шумо системаи интиқоли зуд ба кортҳои Visa -ро дастгирӣ мекунад ё не. Барои ин кор, ҳаволаро пайравӣ кунед. Агар бонки шумо ин хизматрасониро доро бошад, пас харитаро бо суроғаи филиалҳо дар сомонаи бонк кушоед ва наздиктаринашро интихоб намоед.
Пеш аз оне, ки маблағ аз корти шумо гирифта шавад, аз шумо хоҳиш карда мешавад, ки дурустии интиқолро тасдиқ кунед. Бе тасдиқи шумо аз ҳисобатон маблағ гирифтан ғайриимкон аст.
Эҳтимоли гум шудани маблағ дар роҳ ба сифр наздик аст. Барои фаҳмидани ҳолати интиқол, бояд ба операторе, ки ба шумо хизматрасониро пешкаш кардааст (метавонад бонк ва ё нуқтаи савдо бошад) тамос гиред.
Барои интиқол донистани 16 рақами кортии қабулкунанда кифоя аст.
Барои гирифтани корти Visa, шумо бояд дар дилхоҳ шӯъбаи бонк ариза пешниҳод кунед ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсиятро бо худ дошта бошед. Пас аз 10-12 рӯзи корӣ, шумо метавонед корти худро аз ҳамон шӯъбаи бонк дастрас намоед. Пас аз он, шумо метавонед хизматрасониҳои иловагиро, мисли SMS-огоҳӣ ва дастрасӣ ба иттилооти суратҳисоб тавассути интернет фаъол намоед.
Интиқоли маблағ дар дохили кишвар танҳо бо пули миллӣ имконпазир аст. Ҳангоми интиқоли маблағ ба корти Visa, ки дар кишвари дигар дода шудааст, маблағ ба суратҳисоб бо асъори корт, ки ба он интиқол дода мешавад, ворид мегардад.
Дар шартҳои истифодаи хизматрасониҳо нишон медиҳанд, ки амалиёт на бештар аз 30 дақиқа давом дорад, аммо дар аксари мавридҳо маблағ ба суратҳисоби қабулкунанда дар давоми якчанд сония ворид карда мешавад. Баъзе бонкҳо технологияи интиқоли зудро надоранд, аз ин рӯ, барои вориди маблағ то 2 рӯз лозим мешавад.
Visa ҳифзи боэътимоди ҳама амалиётҳои корти шуморо таъмин карда, нигоҳдории доимӣ ва рамзгузории маълумоти интиқолшударо барои пешгирии хавфи қаллобӣ таъмин мекунад. Хавфи истифодаи бе иҷозати корти шумо барои интиқоли маблағ тавассути воридкунии ҳатмии PIN (дар ATM, POS) ва рамзи VbV (дар интернет ва мобилӣ) бартараф карда мешавад
Пешниҳод рақами корти Visa барои интиқоли маблағ бо усули интиқоли зуд ба кортҳои Visa комилан бехатар аст. Аммо, ба ҳеҷ нафар тафсилоти дигари корти худро ба монанди рамзи PIN ва CVV/CVC2 пешкаш накунед, зеро ин маълумот дастрасӣ ба ҳисоби шахсии шуморо таъмин мекунад ва имкон медиҳад, ки маблағ гирифта ва ё интиқол дода шавад.
Ҳеҷ гоҳ ба касе рамзи PIN ва CVV/CVC2 корти Visa-и худро нагӯед, зеро ин маълумот дастрасӣ ба ҳисоби шахсии шуморо таъмин мекунад ва имкон медиҳад, ки маблағ гирифта ва ё интиқол дода шавад.
Агар шумо тасодуфан бо рақамчинии 16 рақами корт иштибоҳ кардед, маблағ интиқол дода намешавад, зеро корт бо он рақам вуҷуд намебошад. Ҳар як рақами корт дорои рақами иловагӣ мебошад, ки барои муайян кардани хатогӣ кӯмак мерасонад.
Агар шумо аз корти Visa маблағ интиқол диҳед, шумо бояд пеш аз гирифтани маблағ PIN -и худро ворид кунед. Ҳангоми интиқол тавассути интернет-бонк, шумо бояд рамзи VbV ё логин ва ё рамзи худро дар интернет-бонки худ ворид кунед.