• Харидҳоро бо кортҳои Visa бо як пахш тасаввути Apple Pay пардохт намоед

Дар якчанд дақиқа пайваст кунед

Корти Visa-ро ба Apple Pay илова кунед ва харидҳоро боз ҳам зудтар пардохт намоед — танзимот ҳамагӣ якчанд лаҳзаҳоро мегирад.

Бо як пахш пардохт намоед

Харидҳоро дар ҳама ҷое, ки пардохтҳои бетамос дастгирӣ карда мешаванд, пардохт намоед. Барои тасдиқкунӣ танҳо Face ID, Touch ID ё рамзи дастгоҳро истифода баред.

Амнияти пардохтҳо

Технологияҳои амниятии Visa барои ҳифзи ҳар як харид мусоидат мекунанд. Барои пешгирии қаллобӣ дар системаҳои Visa дар асоси зеҳни сунъӣ зиёда аз 500 параметрҳои муомилотро дар вақти воқеӣ таҳлил мекунанд.
Ҳангоми пардохт бо Apple Pay, ба ҷои рақами корт, як токени рақамии беназир истифода мешавад, ки сатҳи иловагии амниятро барои маълумоти шумо таъмин менамояд.

Чӣ тавр ин функсияро пайваст кард?

iPhone

  • Барномаи Wallet-ро кушоед.
  • Дар кунҷи рости боло тугмаи «+»-ро пахш намоед.
  • «Корти дебеторӣ ё кредиторӣ»-ро интихоб намоед.
  • Кортро бо камера скан кунед ё маълумотҳоро дастӣ ворид намоед.
  • Илова кардани кортро мувофиқи дастурҳои дар экран буда тасдиқ кунед

Apple Watch

  • Барномаи Apple Watch-ро дар iPhone кушоед.
  • Ба бахши " Wallet ва Apple Pay " гузаред.
  • Тугмаи "Илова кардани корт"-ро пахш намоед.
  • Кортеро, ки қаблан ба iPhone илова шуда буд, интихоб намоед ё корти навро илова кунед.
  • Пайвастшавиро мувофиқи дастурҳои дар экран буда тасдиқ кунед.

iPad

  • “Танзимот"-ро кушоед.
  • Ба бахши " Wallet ва Apple Pay" гузаред.
  • "Илова кардани корт"-ро пахш намоед.
  • Кортро скан кунед ё маълумотҳоро дастӣ ворид намоед.
  • Барои анҷом додани пайвастшавӣ дастурҳои системаро иҷро кунед.

Чӣ тавр харидҳоро пардохт кард?

iPhone

Дар мағозаҳо

  • Тугмаи паҳлӯиро ду маротиба пахш намоед (дар моделҳое, ки Face ID доранд) ё ангушти худро ба Touch ID гузоред.
  • Дастгоҳро ба терминали пардохт наздик намоед.
  • Баъди пардохти бомуваффақият дар экран тасдиқ пайдо мешавад.

Дар барномаҳо ва онлайн

  • Ҳангоми тартиб додани фармоиш Apple Pay-ро интихоб намоед.
  • Пардохтро бо ёрии Face ID, Touch ID ё бо рамзи дастгоҳ тасдиқ кунед.

Apple Watch

Дар мағозаҳо

  • Тугмаи паҳлӯиро ду маротиба пахш намоед.
  • Соатро ба терминал наздик кунед.
  • Ларзиши сабук ва садои паст пардохти бомуваффақиятро тасдиқ мекунанд.

Mac

Дар сомонаҳо тавассути браузери Safari

  • Ҳангоми тартиб додани фармоиш Apple Pay-ро интихоб намоед.
  • Пардохтро дар iPhone, Apple Watch ё бо ёрии Touch ID дар Mac тасдиқ кунед.

Дар куҷо тавассути Apple Pay метавон пардохт кард?

Харидҳоро бо Apple Pay дар ҳама ҷое, ки пардохтҳои бе тамос дастрасанд, пардохт намоед. Кортҳои Visa дар миллионҳо нуқтаҳои савдо дар тамоми ҷаҳон қабул карда мешаванд, ки роҳи қулай ва шинохтаи пардохтро — дар мағозаҳо, барномаҳо ва онлайнро таъмин мекунанд.