-
Харид дар хориҷа бо Visa — бозгашти ААИ-ро зудтар гиред
Tax Free харид бо Visa ва Global Blue — зудтар ва қулайтар
Бозгашти ААИ-ро бо Global Blue тартиб диҳед ва онро мустақилан ба корти Visa гиред — зуд ва бехатар.
Барои ҳамаи дорандагони кортҳои Visa:
- дар барномаи Global Blue тавассути пайванд бақайдгирӣ намоед ва корти Visa-и худро ҳамчун усули баргардонидани маблағ интихоб кунед;
- дар мағозаҳо бо логотипи Global Blue харид кунед ва дар хазина Tax Free Global Blue-ро тартиб диҳед;
- ҳангоми дархост шиноснома ё штрих-коди худро аз барнома ё сомона пешниҳод намоед;
- шакли Tax Free-и худро ҳангоми баромадан дар гумрук тасдиқ кунед;
- шаклҳои тасдиқшудаи Tax Free Global Blue-и худро ирсол намоед;
- пас аз тасдиқи шакл, дар барнома вазъи баргардонидани маблағро ба корти Visa-и худ пайгирӣ кунед.
Маблағҳо одатан дар давоми 14 рӯзи корӣ, пас аз тасдиқи ҳуҷҷат ба корти Visa-и Шумо ворид карда мешаванд.
Имтиёзҳои иловагӣ барои дорандагони корти Visa Infinite (то майи 2026):
- Дастрасии ройгон дар VIP-толорҳои Global Blue дар Фаронса, Италия ва Испания (Париж, Милан, Рим, Флоренсия, Барселона, Мадрид, Марбелла).
- Гузариши афзалиятнок дар Fast Lane дар фурудгоҳҳои Милан ва Рим.
Шартҳо:
- Имтиёзҳои Visa Infinite то 31 майи соли 2026 амал мекунанд.
- Ҳангоми будани ҷойҳои холӣ дастрасӣ ба толорҳо дода мешавад.
- Барои даромадан танҳо нишон додани корти Visa Infinite кофӣ аст.
Саёҳат кунед, харид кунед ва аз кортҳои Visa ва Global Blue баҳра баред.