

* Tax free – системаи баргардонидани андоз аз арзиши иловашуда мебошад.
Дорандагони кортҳои Visa ҳангоми барасмият даровардани Tax Free аз Global Blue дар мағозаҳои дар иқдом ширкаткунанда, 20% товони маблағи иловагӣ ба даст меоранд (то 500 евро барои ҳар як харид).
Рамзи QR-ро насб. кунед. Барои дидани брендҳо ва мағозаҳои дар иқдомҳо ширкаткунанда, пахш кунед.
Дар мағоза рамзи QR ва корти Visa-ро нишон диҳед ва хоҳиш кунед, ки харид аз Tax Free анҷом дода шавад.
Шакли Tax Free-и худро ҳангоми ба хонаатон рафтан дар гумрук тасдиқ кунед.
Аз пардохти иловагӣ баҳра баред! 20% маблағ ба таври автоматикӣ ба ҳисоби корти Visa-и шумо ворид хоҳад шуд.
Иқдом то 31 декабри соли 2023 идома медиҳад.
Иштирокчиёне, ки Tax Free-ро бо ёрии Global Blue дар мағозаҳои ширкаткунанда барасимят медароранд, метавонанд бо истифода аз корти Visa, 20% товони иловагӣ гиранд. Барои истифодаи иқдом, ҳангоми ба расмият даровардани рамзи Tax Free аз Global Blue, бевосита дар мағозаҳо рамзи иқдомии QR ва корти Visa-и худро пешниҳод кунед. 20% иловагӣ аз рӯи маблағи товон ҳисоб карда мешавад, на аз рӯи нархи фурӯш. Масалан, барои маҳсулоте, ки нархаш 1000 евро аст, товони андоз пас аз пардохтҳо 140 евроро ташкил медиҳад. 20% иловагӣ аз 140 евро – ин 28 евро. Ҳамоно, пас аз он, ки системаи Global Blue тасдиқи гумрукии хариди шуморо ба даст меорад, товони иловагӣ ба корти Visa-и шумо ворид карда мешавад. Пардохтҳои товони иловагӣ одатан дар давоми 7 рӯз пас аз баромадан аз ИА анҷом дода мешаванд. Аммо, дар баъзе мавридҳо, масалан, вақте шакли Tax Free ба Global Blue тавассути почта фиристода мешавад, он метавонад то 90 рӯзро дар бар гирад. Маблағи калонтарини товони иловагӣ, ки тавассути транзаксия бидуни андоз пардохта мешавад, 500 евроро ташкил медиҳад. Маблағҳои болозикргардида бояд бо сомонӣ дар рӯзи пардохт бо қурби хариди евро нисбат ба сомонӣ ҳисоб карда шаванд. Global Blue бе огоҳӣ метавонад иқдомро бозпас гирад.
Хидматрасонии Tax Free аз Global Blue –имконест барои харидорони хориҷӣ барои баргардонидани андозҳои иловагии аз мол пардохтшуда, ба шарофати он сафарҳои шумо ба хориҷа боз ҳам фоидаовартар мегардад.
Ҳар сол миллионҳо харидорони саросари ҷаҳон аз хидмати Tax Free-и Global Blue истифода мебаранд, то товони андоз аз арзиши иловашуда барои молҳои зиёда аз 300 000 мағозаи шарик дар саросари ҷаҳон харидорӣ кардаро бигиранд.

Молҳоро дар мағозаҳои дар иқдом ширкаткунанда харед ва рамзи QR ва корти Visa-и худро ҳангоми барасмият даровардани Tax Free аз Global Blue нишон диҳед.

Ҳангоми баргаштан ба хона шакли Tax Free-и худро дар гумрук ё дар дуконҳои махсуси минтақаи сафар тасдиқ намоед.

Товони андоз аз арзиши иловашуда ва 20% ба корти Visa гиред.
Шумо барои товони аксари молҳое, ки ААИ ё андоз аз фурӯш ба он илова кардаанд, метавонед муроҷиат кунед, ба шарте агар шумо онҳоро дар бастаи аслии он, ба таври истифоданашуда ба хона баред. Вале, ин ба ғизо ва нӯшокиҳое, ки дар кишвари будубош истеъмол мешаванд, дахл надорад.
Ҳангоми харид ба кормандони мағоза рамзи QR ва корти Visa-ро нишон диҳед ва хоҳиш кунед Tax Free аз Global Blue-ро ба расмият дароранд. Шаклҳои Tax Free-и худро дар гумрук ҳангоми бозгашт ба хона тасдиқ намоед.