Бо корти тиҷории Visa 6 моҳи дастрасии ройгонро ба Zendesk Suite ва Zendesk Sales CRM гиред.
Аз пешниҳод чӣ тавр бояд истифода намуд?
- Ба сомонаи Poshvine гузаред ва тугмачаи Claim Offer -ро пахш кунед.
- 9 адади аввали рақами корти тиҷории Visa-и худро барои тасдиқ ворид кунед.
- Барои ба сомонаи шарик гузаштан тугмачаи Redeem-ро пахш кунед.
- Маълумоти дархостшавандаро ворид кунед.
- Тугмачаи «Start my 6 months of free access to Zendesk today»-ро пахш кунед ва барои истифодабарӣ аз пешниҳод амалҳои ишорашударо иҷро кунед.
Пешниҳод аз 01 июни соли 2023, 00:00 GMT, то 30 июни соли 2025, 23:59 GMT, амал мекунад.
Шартҳою муқаррарот
Шартҳою муқаррароти Шарик.
Пешниҳод барои ширкатҳое, ки камтар аз 100 нафар корманд доранд, эътибор дорад. Агар ширкат маблағгузорӣ карда шавад, маблағгузорӣ бояд аз силсилаи B зиёдтар набошад. Пас аз гузаштани давраи 6-моҳаи пешниҳод нархҳои стандартӣ татбиқ мешаванд. Аккаунтҳо ба таври автоматӣ нав карда мешаванд. Агар шумо хоҳед, ки сабти бақайдгирии худро бекор кунед, то ки пардохт барои тамдидкунӣ ситонида нашавад, шумо онро бояд пеш аз анҷом ёфтани мӯҳлати ҷории обуна бекор кунед.
Шартҳою муқаррароти Visa.
Тафсилоти Пешниҳод дар иттилооте, ки Шарик пешниҳод кардааст, асос меёбад. Visa ягон хел кафолатро оиди саҳеҳии иттилоот намедиҳад. Лутфан, мавҷудият ва воқеияти Пешниҳодро бевосита аз Шарик аниқ кунед. Шарик таҳвилгари ягонаи ҳама молҳо ва/ё хизматҳо дар доираи ин Пешниҳод мебошад. Мувофиқан, дорандаи корти Visa мефаҳмад, эътироф мекунад ва розӣ мешавад, ки аз ҷониби ӯ харидани ҳама гуна молҳо ва/ё хизматрасониҳо дар доираи ин Пешниҳод бо худ шартномаи танҳо байни фурӯшанда ва ӯро ифода мекунад, аммо Visa тарафи он нест ва нахоҳад буд. Ҳама гуна молҳо ё хизматҳоро дар доираи ин Пешниҳод истифода бурда ё кӯшиши истифода намуда, Дорандаи корти Visa мефаҳмад, эътироф мекунад ва розӣ мешавад, ки: Ҳама гуна даъвоҳо, шикоятҳо ё баҳсҳои ҳар гуна хусусиятдошта, ки аз ё дар робита бо аз ҷониби Дорандаи Корт ба даст овардан ё кӯшиши ба даст овардани ҳама гуна молҳо ва/ё хизматрасониҳо дар доираи Пешниҳоди мазкур (ҳар як «Даъво») ба миён меоянд, бояд аз ҷониби Дорандаи корти Visa бевосита бо Шарик танзим карда шаванд, ва Дорандаи корти Visa набояд ба Visa ягон даъво пешниҳод кунад. Бидуни зарар барои зикршуда ва ба андозаи максималие, ки қонун иҷозат додааст, Visa дар назди ҳар гуна шахс барои талафот, зарар, хароҷот ё даъвоҳо (мустақим ё ғайримустақим) дар алоқамандӣ бо ҳар гуна осебҳо, марг, ифодакунии бардурӯғ, зарар ё беэътиноӣ, ки дар натиҷаи ё дар робита бо истифода ё кӯшиши истифодаи Пешниҳод ё молҳо ва/ё хизматҳои дар доираи Пешниҳод пешниҳодшаванда ба вуҷуд меоянд, ҷавобгар намебошад.