10% тахфиф барои иҷораи мошин бо Visa
Бо онлайн-хизматрасонӣ иҷораи мошин Rentalcars.com-ро интихоб кунед ва маблағро сарфа намоед. Бароҳат аз сафар ҳаловат баред. 10% тахфиф ба иҷораи мошин дар Rentalcars.com то 15 июни соли 2027 ҳангоми пардохти хизматрасонӣ бо корти Visa ба даст оред.
Шартҳои пешниҳод:
- Мошинро дар Rentalcars.com банд кунед, бо истифода аз корти мувофиқи Visa пардохт намоед ва 10% тахфиф аз нархи иҷораи мошин ба даст оред.
- Аз пешниҳод дорандагони кортҳои зерини Visa истифода буда метавонанд:
Visa Gold, Visa Platinum, Visa Signature, Visa Infinite, Visa Private, Visa Infinite Privilege, Visa Prepaid, Visa Platinum Business, Visa Signature Business. - Таваҷҷӯҳ намоед, ки ҳангоми тасдиқи иҷораи мошин, ронанда бояд корти кредитии Visa-ро (prepaid ё корти дебетӣ қабул карда намешавад) бо маблағи кофӣ барои тасдиқи пасандоз ба хизина пешниҳод кунад.
- Тахфиф аз рӯи арзиши иҷораи мошин, бе ҳисоби хизматрасониҳои иловагӣ (суғурта, пардохти иловагӣ барои ронандаи дуюм, иҷораи мошин ба яктараф, курсии кӯдакон, навигатсия ва ғайра) ҳисоб карда мешавад.
- Тахфиф танҳо ба онлайн-бандкунӣ ва пардохт дахл дорад, на ин ки ба бандкунӣ ҳангоми пардохт.
- Барои гирифтани тахфиф, Шумо бояд ба вебсайти Rentalcars.com тавассути пайванд дохил шавед ё ин корро тавассути барномаи мобилӣ ё тавассути пешниҳоди таблиғотӣ анҷом диҳед. Бандкунии мустақим дар вебсайти rentalcars.com ба Шумо ҳуқуқ ба тахфифро намедиҳад.
- Вақте, ки муштарӣ ба саҳифаи гузоштани фармоиш мегузарад ва корти мувофиқи Visa-ро илова мекунад, тахфиф ба таври автоматӣ фаъол мегардад.
- Барои бандкунии иҷораи мошин ягон хел хароҷоти ҳадди ақал лозим нест.
Пешниҳод дар ҳудуди Тоҷикистон , дар вебсайти Rentalcars.com тавассути пайванд ё дар барномаи мобилӣ аз 1 феврали соли 2022 то 15 июни соли 2027 эътибор дорад. Пешниҳод ба 10% тахфифи якдафъаина аз арзиши иҷораи мошин, бе ҳисоби хизматрасониҳои иловагӣ ҳуқуқ медиҳад.
Пешниҳод барои бандкунӣ / пардохти иҷора дар кишварҳои Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ, Шарқи Наздик, Шарқи Миёна ва Африқо эътибор дорад.
Пешниҳод барои бандкунӣ / пардохти иҷора дар ҷазираи Бувет, Гвинеяи Экваториалӣ, Реюнъон, Съерра-Леоне, дар ҷазираи Еленаи муқаддас, Майотта, дар Судони Ҷанубӣ, Афғонистон, Либерия, Ҷумҳурии Африқои Марказӣ, Эритрея, Гвинея-Бисау, Ироқ, дар Мадагаскар , дар Фаластин , Сан-Томе ва Принсипи, Сомалӣ, Судон, Эсватина, Сахараи Ғарбӣ, Яман, Бурунди, дар ҷазираҳои Комор, дар Гвинеяи Экваториалӣ, Туркманистон, Эрон, Лесото, Русия, Сурия, Либия, Белорусия эътибор надорад.